5 Август 2023 - 19:12
Таъкиди Амирабдуллоҳиён ба ҳадафгузории Эрону Покистон барои афзоиши мубодилот ба 5 миллиард евро

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Эрону Покистон барои афзоиши мубодилот ба 5 миллиард евро ҳадафгузорӣ кардаанд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон шомгоҳи ҷумъа пас аз дидори ниҳоӣ бо Биловал Буҳутто Зардорӣ, ҳамтои покистонии худ ва ҷамъбандии музокироти ду рӯзи гузашта Карочиро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Амирабдуллоҳиён пас аз поёни сафар ба Покистон дар ёддошти инстогромӣ навишт ин сафар ба манзури суръат дар раванди иҷрои тавофуқоти гузаштаву барномарезӣ барои таҳаввул дар уфуқи оянда анҷом шуд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар идома навишт ин сафар ба манзури суръат бахшидан дар раванди иҷрои тавофуқоти гузаштаи байни Эрону Покистон, тамаркуз бар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, барномарезӣ барои таҳаввул дар уфуқи оянда, пайгирии асноди ҳамкории имзо шуда ва баррасии дағдағаҳои муштараки сиёсӣ ва амниятии ду кишвар дар чорчуби тавсеаи сиёсати ҳамсоягӣ анҷом шуд.
 Амирабдуллоҳиён ҳамчунин навишт агарчӣ ҳаҷми табодулоти тиҷории дуҷониба дар 20 моҳи ахир ба мизони хубе рушд доштааст, аммо ризоятбахш нест ва гоми баъдӣ афзоиш ба ҳаҷми панҷ миллиард евро аст.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон навишт дар поёни нишасти ҳайатҳои олии иқсодии ду кишвар ба раёсати муовини дипломосии иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон, Маҳдии Сафарӣ санади барномаи роҳбурдии ҳамкориҳои тиҷории панҷсола миёни Эрону Покистонро ба ҳамроҳи вазири умӯри хориҷаи ин кишвар имзо кардем.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин ба дидорҳову музокироти худ бо мақомоти покистонӣ ишора кард.

342/